Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Қирғизистон мулоқот кард

Сентябрь 17, 2019 22:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии «Қизил-Бел»-и сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалий Абилгазиев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Кабар» хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба ҳодисаи истифодаи силоҳи оташфишон, ки чанде пеш рух дод, баррасӣ шуданд.

Сарвазирони ҳарду давлат дар робита ба ҳодисаи мусаллаҳона, ки боиси ба ҳалокат расидани хизматчиёни ҳарбӣ гардид, изҳори таассуф карда, ба пайвандону наздикони онҳо изҳори таслият намуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати пурзӯр кардани кори муштараки фарогир оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷамъшудаи ҳамкории сарҳадӣ ибрози назар карданд.

Қ. Расулзода ва М. Абилгазиев бори дигар ҷонибдории худро ба тавофуқҳои қаблан бадастомада ва муносибати созанда нисбат ба ҳалли масъалаҳои пайдошуда тасдиқ карданд.

Аз ҷумла, онҳо ба роҳбарони хадамоти сарҳадӣ ва мақомоти маҳаллии худидоракунии ҳарду давлат дастур доданд, ки ҳамгироиро дар ҳама сатҳҳо ҷоннок намуда, корҳои фаҳмондадиҳии дахлдорро миёни аҳолии деҳаҳои наздисарҳадӣ тақвият бахшанд.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои рафъи ташаннуҷ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз авҷ гирифтани вазъ ба манфиати мардумони ҳарду давлат  бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Бо супориши сарвазирон, муовинони дахлдори онҳо ва инчунин роҳбарони хадамоти сарҳадӣ дар маҳалҳо кори муштаракро идома медиҳанд, то ҳалли масъалаҳои ба миён омадаро тезонанд.

                                                                                              АКС: АИ «Кабар».

Сентябрь 17, 2019 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон