ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш ва то 36 дараҷа гарм мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо мутаносибан то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






