ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 27, 2019 08:07

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш ва то 36 дараҷа гарм мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 0-5  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 17+22  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо мутаносибан то 20-25 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва   рӯзона  24-29  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 34+36 дараҷа  гарм мешавад.

Сентябрь 27, 2019 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад