ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Сентябрь 16, 2019 08:03

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 9+14  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва баъзан 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва   рӯзона  13-18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 26+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 26+28  дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 16, 2019 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд