ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН ХУРРАМ ГАРДОНИДА МЕШАВАД. Дар ин бора 10 сентябр қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 сентябри соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 тасдиқ гардид. Дар қарори мазкур омадааст, ки корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар атрофи бинои худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт ба роҳ монда шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро вазифадор намуд, ки баҳри сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои ободониву сабзазоркуниро бо сифати баланд ва мутобиқ ба замони муосир анҷом диҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки соли равон як зумра корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва сабзазоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, то моҳи июли соли равон, дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 113,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва 9,5 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола ва дар майдони 166,9 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд, ки аз нақшаи пешбинигардида ба маротиб зиёд мебошад. Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба миқдори 7218 бех дарахтони ороишию сояафкану буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шуд ва дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе ҳамасола ҷиҳати вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо- «Сайри гули лола» баргузор карда шуд.
Бояд илова намуд, ки вобаста ба парвариши гули лола корҳои омодагӣ ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2018 дар боғу гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа дар мавзеъҳои алоҳида дизайн ва композитсияҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ, бахусус бо гули лола тасвиргардида роҳандозӣ гардид.
Дар маҷмӯъ, шумораи умумии гулҳои лола беш аз якуним миллион ададро ташкил дод, ки аз ин теъдод аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба миқдори 300 000 дона тухми пиёзаки гули лола дар ҳудуди боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр шинонида шуда буд.
Инчунин аз тарафи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», тибқи нақшаи мувофиқашуда дар Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоот» («Боғи Устод Рӯдакӣ»), хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ ва мавзеи пасманзари Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо тарзи композитсияҳои гуногун ба миқдори 475 000 дона ва аз тарафи раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар кӯчаю хиёбонҳо ба миқдори 675 010 дона пиёзаки гули лола шинонида шуда буданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»












«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






