Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро ба ҳузур пазируфтанд

Сентябрь 6, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 06.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария, ки тавассути фаъолияти самарабахши Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, амалӣ мегардад, изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини об ва беҳдошт, тағйирёбии иқлим, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ, волоияти қонун, инчунин рушди бахшҳои воқеии иқтисод ва хусусиро муҳокима намуданд.

Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии кишвар, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи саноат, таъкид гардид.

Аз ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ гардида, ҷоннок намудани фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкории зичу пурсамари ҳукуматҳоро оид ба муборизаи муштарак бар зидди падидаҳои харобиовари терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳокима карданд.

Мулоқот бо Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загер 06.09.2019

Сентябрь 6, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд