Самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо дар Ҳиндустон сазовори 11 медал гардиданд

Сентябрь 16, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз  13  то 15 сентябр дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва самбои размӣ миёни мардҳо доир гашт. Дар ин бора  ба   АМИТ «Ховар»   намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   хабар  дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 1 нуқра, 7 биринҷӣ мушарраф шуданд.

Медалҳои тиллоро Шердил Алмосов дар вазни -74кг, Саидиброз Икромов дар вазни -90кг миёни ҷавонон ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни -74кг миёни калонсолон ба даст оварданд.

Медали нуқраро Фирӯз Муъминов дар вазни -68кг миёни ҷавонон соҳиб шуд.

Миёни наврасон Комилҷон Ҳайдаралӣ (-56кг), Субҳон Мирзомуродзода (-70кг), Муҳаммадҷон Зиёев (-48кг), миёни калонсолон Талабшо Мунавваров (-52кг), Ҳамроз Раҷабов (-82кг), Одилҷон Сафаров (+100кг) ва дар самбои размӣ Худоёр Раҷабзода (-68кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

                                                                                   Меҳрони ҚУРБОН,
                                                                 шореҳи варзиши АМИТ «Ховар

Сентябрь 16, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд