Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру барқарорсозии 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб оғоз бахшиданд

Сентябрь 11, 2019 15:26

ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ оғоз бахшиданд.

Нахуст дар маҳалли сохтмони роҳҳои мошингард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб дар доираи амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмиру таҷдид, роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи ширкати роҳсозии чинии “Чайна Роуд” амалӣ карда мешавад.

Дар навбати аввал дар доираи амалисозии марҳалаи мазкур барқарорсозии 11,5 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб, 1 пули 39-метра дар роҳи Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва равшаннамоии 16 километр ба нақша гирифта шуда буд.

Бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ, дӯстӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, ҳукумати кишвари ҳамсоя иловатан бар 11,5 км барқарорсозии боз 10 километр роҳро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Кӯлоб ба уҳда гирифтанд.

Ҳамин тавр бо маблағҳои кумаки бебозгашти Чин 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб пурра ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо таъмиру навсозӣ карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми роҳсозон изҳори сипос карда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷалби сокинони маҳаллӣ дар амалисозии лоиҳаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб ҳидоят карданд.

Сентябрь 11, 2019 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон