Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз музокироти сатҳи олӣ, маросими супоридани ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин ҷоизаи олии давлатии ба наздикӣ таъсисёфтаи Қазоқистонро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев тақдим намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти давлатиро «боз як тасдиқи сатҳи баланди эҳтиром ва эътимоди дуҷониба миёни кишварҳои мо» ва қадрдонии «хизматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистони бародар» тавсиф карданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба манфиати мардуми ҳарду кишвар минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.









Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






