Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Ноябрь 7, 2026 18:34

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 5-7 ноябр дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дошт ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар Иҷлосияи Ақаба иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи оли Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, зимни он маҷмуъи масоили ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Аз рӯйи натиҷаи музокирот 20 санад ва форуми соҳибкорони ду кишвар 25 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 2, 5 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев гусел намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргаштанд.
Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон 07.11.2026

Ноябрь 7, 2026 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон