Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар қасри президентии Ақорда дар Остона баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳарду пешво аз имконияти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ва муҳокимаи роҳҳои рушд ва таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар ҳама самтҳои калидӣ босуръат рушд меёбад ва Қазоқистон яке аз шарикони пешбари тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 тиҷорати миёни ду кишвар 25,6% афзоиш ёфта, ҳаҷми он аз як миллиард доллар зиёд шудааст.
Дар оғози музокирот, муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев чунин изҳор доштанд «Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович! Ман аз сафари шумо ба Қазоқистон самимона истиқбол мекунам. Мо Шуморо ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, як пешвои эътирофшудаи умумимилли мардуми тоҷик мешиносем. Ва имрӯз мо комилан ҳақ дорем дар бораи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду давлати бародари худ сухан гӯем».
Ҳарду ҷониб густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории ду кишварро дар ин раванд ҷавобгӯи талаботи замон донистанд.
Қайд карда шуд, ки форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон низ, ки дар арафаи ин сафар дар Остона баргузор шуд, имконоти назарраси тавсеаи робитаҳои мустақими тиҷоратиро нишон дод.
Барои рушди минбаъдаи муносибатҳо, аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, инфрасохтори рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъкид гардид.
Таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди занҷираҳои устувори истеҳсолӣ вазифаи афзалиятнок дар соҳаи саноат дониста шуд.
Аз рушди минбаъдаи робитаҳои башарӣ, бахусус мубодилаҳои фарҳангӣ, маърифатию академӣ ва тиббӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ба омӯзиши мутахассисон дар самтҳои амнияти киберӣ, технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон ва амният низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Бо назардошти вазъияти мураккаби байналмилалӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ муҳим дониста шуд.
Мубодилаи созандаи афкор, инчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.









Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд






