Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд

Ноябрь 7, 2026 18:08

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар шаҳри Остона дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Қазоқистон садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев бо шароити кор дар сафорат шинос шуданд.

Маҷмааи нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чор бинои асосӣ, аз ҷумла бинои асосии сафорат, бинои истиқоматии кормандон, бахши консулӣ ва қароргоҳи сафир ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ифтитоҳи иншоот барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони сафорат, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таҳкими имкониятҳои татбиқи вазифаҳои намояндагии дипломатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз ифтитоҳи бино сарони давлатҳо дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.

Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барпо шудааст.

Дар шаҳри Душанбе сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият дорад, ки он 5 октябри соли 2002 бо иштироки роҳбарони ду давлат ифтитоҳ ёфта буд.

Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар саҳни ҳавлӣ ниҳоли дӯстӣ шинонданд.
Ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 07.11.2026

Ноябрь 7, 2026 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд