Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сатҳи баланд дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки ҳайати мамлакатро дар иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк роҳбарӣ мекунад, 23 сентябр дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Фарогирии умумии тандурустӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷаласаи мазкур дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ баргузор гардид, ки дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, намояндагони доираҳои сиёсӣ ва мутахассисони соҳаи тандурустии аксарияти кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Коҳир Расулзода дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар солҳои охир, аз ҷумла дар иртибот бо пешгирии бемориҳои сироятӣ ва паст кардани сатҳи бемории сил, инчунин нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои дар ин самт татбиқшаванда шинос кард.
Сарвазири мамлакат инчунин ташаббусҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи саломатии ҷомеа ва ҳифзи иқлим, аз ҷумла об ва муҳити зист тазаккур дод.
Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Дар фарҷоми суханронии худ Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои фарогирии васеи аҳолии мамлакат ба хизматрасониҳои тиббии баландсифат ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи иқлим ва муҳити зист тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили, вазирони тандурустии Россия Вероника Сквортсова, Қазоқистон Елжан Биртанов ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа «Эъломияи сиёсии СММ оид ба таъмини фарогирии умумии тандурустӣ» қабул гардид.
Тавре Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш тазаккур дод, ҳадафи эъломияи мазкур «таъмини фарогирии умумии тандурустӣ то соли 2030» ва ташвиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бартараф кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, сил ва вараҷа, инчунин бемориҳои сироятнашаванда дар 10 соли оянда бо роҳи ташаккули низоми қавӣ ва фасеҳи тандурустӣ мебошад. Илова бар ин, низоми мазкур метавонист ба ҳалли чунин мушкилоти тиббӣ, аз қабили муқовимати антибиотикҳо имкон диҳад.
Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ /СУТ/ Тедрос Аданом Гебрейесус зикр кард, ки фарогирии умумии тандурустӣ шарти калидии рушди устувор аст. Бино ба маълумоти СУТ, то соли 2030 ду баробар зиёд кардани фарогирии хизматрасониҳои тиббӣ зарур аст, зеро агар тамоюлҳои мавҷуда идома ёбанд, он гоҳ то 5 миллиард нафар аз кумаки тиббӣ бархурдор шуда наметавонанд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии расидан ба рушди устувор дониста мешавад.
«Бинобар ин, қабули чунин эъломияи сиёсӣ аз ҷониби СММ барои 11 соли минбаъда, яъне то соли 2030, вақте ки ҳадафҳои рушди устувори СММ бояд иҷро шаванд, барои низоми ҷаҳонии тандурустӣ ва рушди глобалӣ аҳамияти таърихӣ дорад», — гуфт Директори генералии СУТ.










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






