Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур мухлисону ҳаводорони сершумори варзиши тоҷик ва паҳлавонони шинохтаи мамлакат, аз қабили Шакармамад Мирмамадов, Саидҷалол Саидов, Ҳақназар Назаров, Саидҷамол Алимардов, Шоҳрух Амирхонов, Нурулло Неъматов, Саидмухтор Расулов, Эмомалӣ Камолов, Ёқубҷон Боқиев ва дигарон иштирок карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 10 даста- «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Суғд-1», дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати калон аз рӯи чор вазн: -65, -75, — 90 ва +90 кг байни ҳам рақобат намуданд.
Дар ин майдони паҳлавонӣ дар вазни 65кг Равзиулло Лоиқов бар ҳамаи рақибонаш дастболо гардида, сазовори мақоми аввал ва 10 ҳазор сомонӣ, Ёқубҷон Боқиев дар мавқеи дуюм ба гирифтани 5 ҳазор сомонӣ мушарраф шуданд.
Дар вазни 75кг Муҳаммадшариф Наҷмиддинов ҳамаи ҳарифонашро мағлуб намуда, соҳиби мақоми аввал ва 10 ҳазор сомонӣ гардид. Саидмухтор Расулов дар ин вазн бо мавқеи дуюм ва 5 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид.
Саидҷамол Алимардонов дар вазни 90 кг ҳамаи рақибони худро бо бартарияти хеле калон шикаст дод. Дар финал бо паҳлавони шинохтаи тоҷик Ҳақназар Назаров болои гилеми гӯштингирӣ баромада, байни ҳам рақобати ҷолиб нишон дода, тамоми мухлисонро ба ҳайрат оварданд. Ниҳоят Саидҷамол Алимардонов тавонист ҳарифашро мағлуб кунад. Ва сазовори медали тилло ва 10 ҳазор сомонӣ шуд.
Паҳлавони номдори тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, соҳиби медали тилло шуда, сазовори Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес бенс» гардид.
Шакармамад Мирмамадов дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар вазни +100 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд. Дар финал бо варзишгари дигари шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов ба майдон баромад. Онҳо байни ҳам хеле ҳунари ҷолиб нишон доданд, ки ин дили ҳазорон мухлисони гӯштини миллиро шоду масрур гардонид. Ва ниҳоят Шакармамад Мирмамадов ғолиби ин мусобиқа ва Саидҷалол Саидов сазовори мақоми дуюм ва 5 ҳазор сомонӣ гардиданд.
Хотиррасон мекунем, ки айни замон Шакармамад Мирмамадов барои иштирок дар Мусобиқаи Гран-прии Тошканд омодагии ҷиддӣ дида истодааст.
Бояд гуфт, ки гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои маъмул буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва дигарҳо аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштин рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2016 ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардида буд. Дар он паҳлавонони вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуда, аз рӯи вазнҳои 65, -80, +90 байни ҳам рақобат карда буданд.
Дар он мусобиқа Шоҳҷоиза- се мошини сабукрав барои паҳлавонон гузошта шуда буд. Паҳлавонони шинохта Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 65 кило, Соҳиб Ҳакимов дар вазни 80 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни +90 кило ба ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, сазовори медалҳои тилло ва Шоҳҷоиза гардида буданд.








Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд






