Сокинони се деҳаи дурдасти ноҳияи Ванҷ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд
ХОРУҒ, 11.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои Роғи 1, Роғи 2-и Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев ва маркази Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатӣ шабакаи муосири обрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Солҳои қаблӣ сокинони ин деҳот барои дастрас кардани оби пок якуним километр роҳро тай намуда, аз кӯҳдоман об мекашонданд. Акнун ин ҳама мушкилот паси сар шуданд ва зиёда аз 100 хонаводаи деҳаҳои мазкур минбаъд аз пеши дари хонаи худ об мегиранд.
Ба гуфтаи сокини деҳаи Рованд Сотим Муҳаббатов, «бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд аз домани кӯҳ дар масофаи чордаҳуним километр тавассути қубур ба деҳа оби тоза кашонида шуд. Акнун 58 хонаводаи деҳаи мо аз назди ҳавлии худ об мегиранд. Солҳои пеш аз оби ҷӯйбори деҳа истифода мекарданд, ки на ҳама вақт поку тамиз буд. Дар фасли зимистон обро аз чашмае, ки дар баландӣ, дар доманакӯҳ ҷойгир аст, ба манзилҳоямон меовардем».
Сокинони деҳот бо ҳисобкунакҳо таъмин гаштаанд. Маблағе, ки барои истифодаи об пардохт карда мешавад, асосан барои таъмир ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ сарф хоҳад шуд. Ҳадаф ин аст, ки шабакаи обрасонӣ мудом дар ҳолати хуби техникӣ қарор гирад ва мардум аз он солиёни дароз баҳра баранд.
Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим сокинони деҳаро бо ҷашни муқаддас барои мардуми тоҷик- иди Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, яъне мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрик карда, изҳор дошт, ки “маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ раванди корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Ванҷ равнақу ривоҷ ёфт. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 241 иншоот ба маблағи қариб 150 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд”.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дурдасттарин деҳоти ноҳияи Ванҷ низ аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шуда, роҳҳо бо маркази вилоят ва пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар чаҳор фасли сол боз мебошанд. Бунёди бозори муштарак ва пули мошингард бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба тоҷирону соҳибкорони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар имкониятҳои васеъ барои рушди фаъолият фароҳам меорад. Дар ояндаи наздик дар ноҳия боз 9 пули мошингузар бунёд карда мешаванд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия мутобиқи нақша бунёди 80 адад иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд






