ТИЛЛО МУБОРАК! Муниса дар Мусобиқаи байналмилалии «G1 Beirut Open 2019» сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавон, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WT) миёни ҷавонон Муниса Ойматова дар Мусобиқаи байналмилалии «G1 Beirut Open 2019» сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа аз рӯи чор синн – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон аз 6 то 8 сентябр дар шаҳри Бейрути Лубнон доир гардида, дар он варзишгарон аз 21 давлати дунё иштирок карданд.
Тавре аз Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, Муниса Ойматова дар вазни -49кг миёни ҷавонон ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф шуда, соҳиби медали тилло гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Муниса соли 2019 дар 5 мусобиқаи гуногунсатҳ иштирок карда, ба гирифтани медал мушарраф шуд. Аз ҷумла, моҳи апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва моҳи июл дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея медали тилло, инчунин моҳи июл дар шаҳри Чунгчони Ҷумҳурии Корея медали нуқра ба даст овард.










Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






