Тоҷикистон дар бозии аввали Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Шри-Ланкаро бо ҳисоби 8:0 мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон оид ба футбол нахустин бозии хешро дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бар муқобили дастаи мунтахаби Шри-Ланка баргузор намуд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки ин вохӯрии ҷолиб бо ҳисоби калони 8:0 ба фоидаи шогирдони Аҳлиддин Турдиев хотима ёфт. Дар ин рақобат голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода (чор гол), Муҳаммадворис Саидалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов (як голӣ) ба ҳадаф расониданд.
Хотиррасон менамоем, ки 18 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро ба муқобили дастаи мунтахаби наврасони Кувайт баргузор мекунад. Баргузории ин рақобат соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар айни ҳол футболбозони навраси тоҷик бо касби се хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи «А» мебошанд.
Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8). Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 16 сола.
Гурӯҳи «А»
Бозии 1-ум
14 сентябр (шанбе)
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри-Ланка – 2:0
Бозии 2-юм
16 сентябр (душанбе)
Шри-Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Бозии 3-юм
18 сентябр (чоршанбе)
19:00 – ТОҶИКИСТОН – Кувайт
22:00 – Урдун – Шри-Ланка
Бозии 4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00 – Урдун – Кувайт
22:00 – Непал – ТОҶИКИСТОН
Бозии 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00 – Шри-Ланка – Непал
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Урдун
Эзоҳ: соати баргузории ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки 28 август дар шаҳри Нур-Султон ба анҷом расид, мақоми дуюмро касб намуда, барандаи медалҳои нуқра гардида буд.
1 августи соли 2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ- CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд.
Ин вохӯрии ниҳоӣ пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони чемпиони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро соҳиб шуда буданд. Дастаи ғолиб аз Тоҷикистон бо Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тилло сарфароз гардид. Дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






