Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд

Сентябрь 18, 2019 14:25

ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ«Ховар»/. Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати  пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд.

Тавре имрӯз аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Буриан муҳокима шуд.

Зикр шуд, ки тағйири иқлим сабаби афзоиши ҳамарӯзии ҳолатҳои фавқулода гардида, инчунин боиси захмӣ шудан ва ба ҳалокат расидани шаҳрвандони осоишта мегардад. «Аз ин рӯ Иттиҳоди Аврупо омода аст дар ҳалли ин масоил ва коҳиши хатари офатҳо ба Тоҷикистон кумаки зарурӣ расонад», -афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории минбаъда дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, масъалаҳои огоҳиҳои аҳолӣ, омода намудани мутахассисони  соҳавӣ ба офатҳои табиӣ табодули афкор карданд.

Петер Буриан  иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Сентябрь 18, 2019 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик