Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ«Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд.
Тавре имрӯз аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Буриан муҳокима шуд.
Зикр шуд, ки тағйири иқлим сабаби афзоиши ҳамарӯзии ҳолатҳои фавқулода гардида, инчунин боиси захмӣ шудан ва ба ҳалокат расидани шаҳрвандони осоишта мегардад. «Аз ин рӯ Иттиҳоди Аврупо омода аст дар ҳалли ин масоил ва коҳиши хатари офатҳо ба Тоҷикистон кумаки зарурӣ расонад», -афзуд манбаъ.
Ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории минбаъда дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, масъалаҳои огоҳиҳои аҳолӣ, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ба офатҳои табиӣ табодули афкор карданд.
Петер Буриан иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






