«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!». Дар Хоруғ даври вилоятии ин озмун баргузор гардид

Сентябрь 16, 2019 16:35

ХОРУҒ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ давоми ду рӯз даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 90 нафар сарояндагону навозандагон, оҳангсозон, ровиён, раққосон ва шоирон ширкат намуданд.

 Ба гуфтаи сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёди Бунёд, «ин озмун ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад. Даври аввали озмун дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо оғоз гардида, бо тавсияи ҳайати ҳакамон ғолибон ба даври дуюм, ки дар маркази ноҳияҳо баргузор гардид, роҳхат гирифтанд. Аз байни онҳо  ҳунармандон беҳтарин баргузида шуда, имрӯз ҳунари худро ба тамошобинон ва ҳайати ҳакамон ба намоиш гузоштанд».

Мақсади асосии чунин озмунҳо дарёфти ҳунармандони боистеъдод дар байни наврасону ҷавонон, минбаъд такмил додани маҳорату малакаи онҳо ва ҳамвор кардани роҳашон ба саҳнаҳои бузурги ватанӣ ва байналмилалӣ мебошад. Зеро дар байни одамони касбу кори гуногун шахсоне ҳастанд, ки маҳорати хуби сарояндагию навозандагӣ ва эҷоди оҳанг доранд, аммо бо сабабҳои гуногун онҳо аз саҳна дар канор мемонанд.

Мутобиқи низомномаи озмуни мазкур, чунин шахсон имконият доранд аз ҳунару истеъдоди худ дарак диҳанд ва мутахассисони касбии соҳаи фарҳангро водор созанд, ки минбаъд барои такмили ҳунарашон бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.

Дар номинатсияҳои навозандаи академӣ Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ, суруди эстрадӣ Рамазон Ҳабибов аз ноҳияи Шуғнон, навозиши анъанавӣ Фозил Муборакқадамов аз ноҳияи Роштқалъа, ровигӣ Садаф Ҷагибекова мақоми аввалро соҳиб шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Сентябрь 16, 2019 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон