ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Аз аввали ҳафтаи равон то имрӯз дар Тоҷикистон бар асари рух додани садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ба ҳалокат расиданд

Сентябрь 12, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 12.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Аз аввали ҳафтаи равон то имрӯз бар асари рух додани садамаҳои гуногуни нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорат бо нашри се хабар иттилоъ додааст, ки  9-10 сентябри соли равон дар роҳҳои мошингарди «Хуҷанд-Сомғор-Ашт», «Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ» ва «Айнӣ-Панҷакент» садамаҳои нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

«9 сентябри соли 2019, тахминан соати 06:20, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Саидов Муҳиддинҷон Тӯхтабоевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Сомғор-Ашт», дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдураҳмонова Шоира Абдувоситовна, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Бӯстонро пахш намудааст», — омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа пиёдагард Абдураҳмонова Ш.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

10 сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 22:20, ронандаи мошини тамғаи «Чакман», Худойдодов Нозимшо Ҳайдарович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ» дар ҳудуди деҳаи Зиғар-Яхчисори ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи мошин набаромада, онро ба дарёи Панҷ сарозер намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Худойдодов Н.Ҳ. ва мусофири мошини мазкур Бачабеков Хушбахт Давлатбекович, соли таваллудаш 2000, сокини деҳаи Барвани ноҳияи Ванҷ ба дарёи Панҷ ғарқ шудаанд. Барои дарёфт намудани ҷасади шаҳрвандон ҷустуҷӯ идома дорад.

10 сентябри соли 2019, тахминан соати 13:30, ронандаи мошини тамғаи  «Опел-Астра», Қулов Алимардон Ҳабибқулович, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ Солеҳов Хайём Парвизович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Панҷакент, хонандаи синфи 8-уми МТМУ-ро пахш намудааст. Ноболиғ Солеҳов Х.П. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
«Аз рӯи ҳодисаҳо тафтишот идома дорад», -афзуд манбаъ.

Бояд зикр намуд, ки рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ки сабаби марг ва ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштани шаҳрвандон мегарданд, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд.  Тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҷаҳон беш аз 1 млн нафар ба ҳалокат расида, 50 млн нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд.

Зимнан, дар Тоҷикистон рух додани садамаҳои нақлиётӣ, ки сабаби чунин ҳодисаҳо мегарданд, сол аз сол коҳиш меёбад. Масъулин кам шудани чунин ҳодисаҳоро ба он рабт медиҳанд, ки дар мамлакат заминаи қонунгузорӣ пурзӯр ва миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, маърифати шаҳрвандон боло рафтааст.

«Бинобар сабаби андешидани тадбирҳои судманд ва гузаронидани корҳои тарғиботӣ ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ нисбат ба соли 2018 кам гардидаанд», — иброз дошта буд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода даҳаи сеюми моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.

Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, дар шаш моҳ дар қаламрави мамлакат 522 садамаи роҳу нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 134 ҳодиса марговар мебошанд. Дар натиҷаи ҳодисаҳои мазкур 181 нафар ба ҳалокат расида, 567 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи садаманокӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро таҳлилу баррасӣ намуда, гуфтанд: «Бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки сабаби  марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд».

Бо дарназардошти чунин вазъ, Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

28 августи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як зумра қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд.

Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуданд. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазои вазнин таъйин гардида, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол муқаррар карда мешавад.

Сентябрь 12, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ЗИММАИ ТУ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ — ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ГУЗОШТА МЕШАВАД! Чунин хитоб кардаанд ҳизбиёни шаҳри Норак ба ҷавонони синни даъватӣ
Имрӯз дар Москва ҷаласаи Машварати роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ доир мешавад
ВАО: Бар асари таркиш дар Кобул на кам аз 20 нафар ҳалок шудаанд
Дар Муъминобод бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода машқи тактикӣ гузаронида шуд
Рустам Ҳайдаров: «Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар ягон кишвари соҳибтамаддун таҳаммул нахоҳад шуд»
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Вазорати мудофиа ҷаласа оид ба омодагӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд афсарону сарбозон аёдат карда шуданд
«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ». Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили муносибатҳо танҳо дар заминаи ҳуқуқӣ сабаби сулҳ, ваҳдат ва ҳамсоягии нек мегардад
Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Коршинос дар бораи мусоҳибаи дирӯзаи Садир Жапаров изҳори назар кард ва оҳанги гуфтори ӯро «сиёҳ» хонд
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи низомиён ва шаҳрвандони қирғиз парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар шаклу шеваи бархӯрди кишвари ҳамсоя ҳадафу мақсадҳои дигар ниҳонанд,- Рустам Латифзода