ЗИНДА БОШЕД ВА АЗ ЁД НАБАРЕД! Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар робита ба 80-солагии оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон изҳорот қабул намуд

Сентябрь 1, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 01.09.2019. / АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 сентябр аз оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон 80 сол пур шуд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1939 бо ҳамлаи Германия  ба Полша  бузургтарин ҷанг дар таърихи инсоният оғоз пазируфт. Дар он 57 кишвар  ширкат намуданд. Шумораи умумии нафароне, ки давлатҳо ба ин ҷанг равона карданд, ба беш аз 1,7 миллиард расида буд. Аз рӯи ҳисобҳои гуногун, талафоти умумӣ, бо назардошти ҳам низомиён ва ҳам аҳолии осоишта, аз 50 то 80 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар арафаи 80-солагии оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ аз 5 августи соли ҷорӣ   изҳорот қабул гардид.

Дар ин изҳорот, аз ҷумла омадааст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон бузургтарин фоҷиаи асри 20 буд, ки даҳҳо миллион одамон ҳалок шуданд. Бузургтарин фалокати башарӣ дар таърихи инсоният натиҷаи талошҳои таҷовузкоронаи нафароне буд, ки ба бартарии нажодӣ ва ҳуқуқии худ бовар дошт, то мустақилона дар баробари тақдири дигар кишварҳо ва қавмҳо тасмим гиранд.

(Матни пурраи Изҳороти сарони давлатҳои ИДМ дар иртибот ба 80-солагии оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон  дар бахши  русии сомонаи АМИТ «Ховар» ҷой дода шудааст).

Сентябрь 1, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон