Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков баъди ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ба Ватан меояд
ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков пас аз баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 24 октябр тавассути хатсайри Кросноярск – Душанбе ба Ватан меояд. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, маросими истиқболи ин варзишгари маъруф соати 9:00, дар қисмати пазироии меҳмонони олиқадри Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.
Ҳамзамон зимни маросими истиқбол бо Сомон Маҳмадбеков нишасти хабарӣ доир карда мешавад. Журналистон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат метавонанд дар нишасти хабарӣ иштирок намоянд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дӯстдорону ҳаводорон ва мухлисони ин навъи варзишро ба маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков даъват менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг миёни ҷавонон аз рӯи варзиши дзюдо қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки 517 варзишгар аз 81 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, Сомон ба ҳамаи рақибонаш пирӯз гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал дар 1,27 сония варзишгари Кипр Семедо Скавдиниоро бо ғолибияти тоза (иппон) шикаст дода, дар даври дуюм варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон Асад Масабировро дар 2,38 сония мағлуб намуда, ба даври сеюм роҳхат пайдо намуд.
Дар даври сеюм Сомон бо Абдумалик Умаев аз Белгия рақобат намуда, дар 3,15 сония ба ин варзишгар ғолибияти соф ба даст овард. Дар даври нимниҳоӣ Сомон дар 19 сония бар паҳлавони австралиягӣ Гаснер Самуел ғолиб омада, ба финали мусобиқа роҳхат гирифт.
Дар сабқати ниҳоӣ Сомон варзишгари Россия Георгий Елбакиевро дар 3,42 сония мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни 73 кг гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






