ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шафати роҳи байналмилалии Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз ҷиҳати ҷалби сайёҳон зиёда аз 40 иншооти сарироҳӣ ба истифода дода шуд
САНГВОР, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор 78 адад бинову иншоот ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар аксари иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ сохташаванда корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён дошта, бинокорон талош доранд онҳоро тибқи қоидаҳои меъморӣ ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ба шарафи ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мувофиқи нақша бояд 25 иншоот дар соҳаи маориф, 6 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 5 иншоот дар бахши варзиш, 3 пули мошингузар, 6 бинои маъмурӣ ва 30 иншоот дар соҳаи хизматрасонӣ бунёд гардида, 3 қитъаи роҳи мошингард таъмиру барқарор карда шаванд.
То ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби соҳибкорону сокинони ноҳия 30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. То соли 2021 48 иншооти боқимонда низ ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия дар шафати роҳи байналмилалии Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз зиёда аз 40 иншооти сарироҳӣ, аз қабили 14 истгоҳ, 16 адад амсила ва пайкараҳои ҳайвонот ва 2 гӯшаи деҳқон ба истифода дода шуданд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






