Агентии мубориза бо коррупсия: «Шахсе, ки қариб 3 ҳазор доллар пора гирифт, боздошт шуд»
ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванд хабар медиҳад, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ ба гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Э.Н дар яке аз вазифаҳои масъули Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда, моҳи сентябри соли равон бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ба курси дуюми Донишгоҳи мазкур дохил намудан 19 000 сомонӣ ва 600 доллари ИМА гирифта, онро ба манфиати шахсии худ истифода намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин кирдори қасдонаи Э.Н. ба шаҳрванд «А» зарари махсусан калони моддӣ расонида шудааст.
«Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурда бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






