Ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония дар бозии оянда маълум гардид

Октябрь 4, 2019 09:50

ДУШАНБЕ,04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон дар  бозӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Япония маълум гардид. Дар ҳайати дастаи миллӣ 23 футболбоз шомил гардидаанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳайат бори аввал баъди чанд муддат ниммуҳофизатгар Нуриддин Давронов, ки айни замон дар бошгоҳи «Уммон» ҳунарнамоӣ мекунад, даъват гардид. Дар маҷмӯъ аз футболбозони тоҷике, ки дар дастаҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, 4 бозингар ба дастаи миллӣ шомил гардиданд. Инҳо Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон) ва Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон) мебошанд. Сармураббии даста Усмон Тошев ба ҷойи Искандар Ҷалилов, ки дар бозии охири дастаи миллӣ корти сурх гирифтааст, ягон футболбози ботаҷрибаро ба майдон даъват накардааст. Дар ин мавқеъ эҳтимол  футболбози 19-сола Манучеҳр Сафаров бозӣ кунад.

Хотиррасон  менамоем, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония 15  октябр дар доираи вохӯриҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  баргузор мегардад.

Ҳайати дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Япония:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Кӯктош»), Тоҳир Маладустов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе даста).

Cармураббӣ: Усмон Тошев

Бояд зикр кард, ки ситоди мураббиёни дастаи  мунтахаби Япония оид ба футбол бо роҳбарии мутахассиси японӣ Хадзимэ Мориясу ҳайати дастаи мунтахабашонро барои бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян намуданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Япония 23 футболбоз даъват шудааст, ки 20 нафарашон легионер мебошанд. Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония 15  октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 19:15 баргузор мешавад.

Дарвозабонҳо: Эйдзи Кавасима («Страсбур», Фаронса), Сюити Гонда («Портимоненси», Португалия), Дэниел Шмидт («Сент-Трюйден», Белгия).

Ҳимоятгарон: Юто Нагатомо («Галатасарай», Туркия), Мая Ёсида (С) («Саутгемптон», Англия), Хироки Сакаи («Олимпик Марсел», Фаронса), Наомити Уэда («Серкл Брюгге», Белгия), Коки Андзаи («Портимоненси», Португалия), Синносукэ Хатанака («Иокогама Ф», Япония), Такэхиро Томиясу («Болоня», Италия).

Ниммуҳофизатгарон: Гэнки Харагути («Ганновер 96», Германия), Гаку Сибасаки («Депортиво», Испания), Ватару Эндо («Штутгарт», Олмон), Ҷюня Ито («Генк», Белгия), Кэнто Хасимото («Токио», Япония), Сёя Накадзима («Порту», Португалия), Такуми Минамино («Ред Булл Залтсбург», Австрия), Ко Итакура («Гронинген», Ҳолланд), Ритсу Доан («ПСВ», Ҳолланд), Такефуса Кубо («Малорка», Испания).

Ҳамлагарон: Кэнсукэ Нагаи («Токио», Япония), Такума Асано («Партизан», Сербия), Даити Камада («Айнтрахт Франкфурт», Олмон).

Сармураббӣ: Хадзимэ Мориясу (Япония)

Октябрь 4, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд