Ҳайати Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Октябрь 16, 2019 17:05

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр ҳайати Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 то 18 октябр  баргузор гардида истодааст.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, иштирокчиёни ҷаласаи мазкур бо мақсади шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, барои онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.

Сайри осорхонавии меҳмонон аз шуъбаи калонтарини экспозитсионии Осорхонаи миллӣ- шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна шурӯъ гардида, бо бозёфтҳои «Саразм», толори «Оини Зардуштия», «Империяи Ҳахоманишиҳо» «Империяи Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Сомониён», толорҳои «Хушнависӣ» ва «Сиккаҳо» шинос шуданд. Дар шуъбаи таърихи нав ва навтарин ҳаёти мардуми тоҷик дар солҳои 1917-1990 муаррифӣ гардида, дар толори  «Истиқлолият»-и ин шуъба ба меҳмонон дастовардҳои мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш муаррифӣ гардиданд.

Ҳамчунин меҳмонон аз толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуданд.

Меҳмонон бо диққати махсус экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шинос шуданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ ва боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои худро дар китоби «Меҳмонони фахрии Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дарҷ намуданд.

 

Октябрь 16, 2019 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд