Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия дар ИМА иштирок менамояд

Октябрь 28, 2019 13:42

ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 октябр дар шаҳри Чикагои иёлати Иллинойси Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳамоиши солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия сурат мегирад. Дар ҳамоиши мазкур  ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок дорад. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин 126-умин  ҳамоиши солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия  буда,  шурӯъ  аз соли 1893  он  ҳамасола доир карда мешавад.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои ислоҳоти милитсия, васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи стратегия оид ба таъмини ҳифзи тартибот дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноят, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккилона мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Айни замон ҳамоиши солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия дар ИМА идома дошта, аз натиҷаи он иловатан хабар дода мешавад.

Октябрь 28, 2019 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд