ҒАЛАБАИ НАВБАТӢ! Варзишгари тоҷик Нилуфар Бобоёрова рақиби алҷазоириашро мағлуб карда, ба даври чаҳорякфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баромад
ДУШАНБЕ, 09.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Нилуфар Бобоёрова рӯзи душанбе бар Чаҳира Селмунаи алҷазоирӣ ғалаба карда, ба даври чаҳорякфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон баромад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Рақобат бо ҳисоби 3 бар 2 ба нафъи муштзани тоҷик хотима ёфт.
«Мо пеш аз чемпионати ҷаҳон бисёр тамрин намудем. Ва хеле шодам, ки имрӯз ғалаба ба даст овардам. Ин бори аввал аст, ки дар чунин мусобиқа иштирок мекунам ва албатта, на ҳама корҳоям самарабахш буданд», — изҳори таассурот кард варзишгари тоҷик пас аз рақобат.
«Ташаккур ба мухлисон барои чунин дастгирии гарму самимӣ. Ман онро ҳис кардам ва кӯшиш намудам, ки бокси зебо нишон диҳам», — гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки бори аввал аст дар чемпионати ҷаҳон иштирок дорад ва кӯшиш менамояд медал ба даст орад.
Варзишгари дигари тоҷик Миҷгона Самадова низ намояндаи Кот-д’Ивуарро мағлуб намуда, ба даври ҳаштякфиналии мусобиқа баромад.
Дар даври чаҳорякфинал Нилуфар Бобоёрова 10 октябр бо намояндаи Россия, барандаи медали биринҷии чемпионати Аврупо дар соли 2018 Екатерина Динники 20-сола рақобат хоҳад кард. Динник дар даври ҳаштякфиналӣ дар вазни то 64 кг намояндаи Австралия Ҷессика Мессинаро мағлуб кард.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 3-13 октябр дар шаҳри Улан-Удэи Федератсияи Россия баргузор мешавад. Мусобиқаҳо дар 10 вазн, аз ҷумла -48 кг, -51 кг, -54 кг, -57 кг, -60 кг, -64 кг, -69 кг, -75 кг, -81 кг ва +81 кг сурат мегиранд. Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон чаҳор варзишгар — Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Нилуфар Бобоёрова (-64 кг) ва Идимоҳ Холова (-69 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар чемпионати мазкур беш аз 300 нафар варзишгарон аз 75 кишвар ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон — 2012 Мавзуна Чориева роҳбарӣ мекунад.









Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд






