Ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ дар Душанбе доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкории гумрукӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гарданд.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон дар доираи баргузории ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаи алоқаи миллии RILO- Москва доир мешавад.
Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ аз мавзеъҳои фарҳангии Тоҷикистон, мисли Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва минтақаи Варзоб дидан намоянд.








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






