Ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Россия оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ иттилоъ медиҳад.
Тавре аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласаи машваратӣ коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амният, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва масъулини вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Россия иштирок доранд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният ва субот дар ҳарду кишвар, мубориза ба муқобили терроризм-экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ карда мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии машваратӣ ҳайати коршиносони дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев имрӯз ба Душанбе омада буд.










Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






