Ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Россия оғоз гардид

Октябрь 30, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ иттилоъ медиҳад.

Тавре аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласаи машваратӣ коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амният, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва масъулини вазорату идораҳои дахлдори  Тоҷикистону Россия  иштирок доранд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаи машваратӣ  масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният ва  субот дар ҳарду кишвар, мубориза ба муқобили терроризм-экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии машваратӣ ҳайати коршиносони дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев имрӯз ба Душанбе омада буд.

Октябрь 30, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд