Ҳамкории Тоҷикистон ва давлатҳои узви САҲА дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо робитаҳоро дар ҷодаи пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор тақвият мебахшанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи мазкур зимни мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо ҳайати сафирони мамлакатҳои узви САҲА, ки 7 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки Шерхон Салимзода ба ҳайати сафирон оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳарии Тоҷикистон, вазъи назорати маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа, инчунин нақшаҳои ояндаи Агентӣ маълумот дод.
Зимнан, дар замони муосир масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба яке аз проблемаҳои доғи рӯз табдил ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ дар ин ҷода бетаваҷҷуҳ нестанд.
Рӯзҳои 16-17 майи соли равон дар Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» конфронси сатҳи баланд баргузор гардид, ки далели ин гуфта мебошад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси мазкур иброз доштанд: «Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир давоми солҳои тӯлонӣ талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст».
Мавриди зикр хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли равон дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карданд, ки дар доираи СҲШ созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир таъсис дода шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таъсиси сохтори алоҳида мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддирро самаранок хоҳад кард.
10 июли имсол дар Вена таҳти раёсти Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА баргузор гардида, дар он пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Гуфтанист, ки бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 1999 Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дод. Инчунин бо ин мақсад аз соли 2013 инҷониб дар мамлакат Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2020 татбиқ шуда истодааст.
«Ҳайати сафирон Ҷумҳурии Тоҷикстонро ҳамчун кишваре, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муборизаи оштинопазир мебарад, муаррифӣ намуда, ҳамзамон ба фаъолияти Агентӣ баҳои баланд доданд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.
Ҳайати сафирони мамлакатҳои узви САҲА масъалаи боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро муҳим шуморида, дар ин ҷода омодагии хешро баён доштанд.








Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд






