Ҷамшед Камолов: «Ҳадафи таҷлили Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баланд бардоштани маърифати аҳолӣ аст»

Октябрь 13, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 13.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ  таҷлил мегардад. 22 декабри соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қароре қабул гардид, ки тибқи он ҳамасола ин рӯз ҳар як чоршанбеи моҳи октябр таҷлил карда шавад. Бо гузашти 20 сол 21 декабри соли  2009 бо қарори дигари Ассамблеяи генералии СММ он ба 13 октябр гузаронида шуд. Оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ, хисороти расонидаи онҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҷамшед КАМОЛОВ ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Ҷамшед Ҷамолович, қаблан мегуфтед, ки дар Тоҷикистон бо мақсади паст кардани хатари офатҳои табиӣ чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

Ҷамшед Камолов: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодаанд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа ташкил карда шуд. Ба Платформаи мазкур ба ҳайси аъзо муовинони роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамчунин нозирони созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорон шомиланд.

Платформаи миллӣ ҳамасола Нақшаи кори худро тасдиқ менамояд, ки яке аз он баргузории чорабиниҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар саросари кишвар бахшида ба Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ – 13 октябр равона гардидааст.

Дар доираи фаъолияти Платформаи миллӣ яке аз ҳуҷҷатҳои стратегии соҳавӣ дар асоси тавсияҳои Барномаи Қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳия ва қабул гардид. Яъне бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» тасдиқ карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон мамлакатест, ки ба офатҳои табиӣ ва намудҳои дигари он рӯ ба рӯ мешавад. Офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин зарар расонида, боиси марги одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд. Аз ҷониби дигар, онҳо ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат монеа эҷод мекунанд. Қабул ва амалисозии Стратегияи болозикр, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯи кор омадааст, хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»: Ҳадафи ин стратегия аз чӣ иборат аст?

Ҷамшед Камолов: Ҳадафи асосии Стратегия паст кардани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хавфи нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.

Ба чорабиниҳое, ки ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ равона карда мешаванд, чорабиниҳои пешгирикунанда, муайян намудани мавзеъҳои хавфноки табиӣ ва сари вақт огоҳсозӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои амн, омодагии аҳолӣ ба офатҳои табиӣ ба шумор мераванд.

Дар ин робита бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои осебпазир маводи сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ҷудо мегарданд, ки тавассути техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ноҳияҳо ҳамлу нақл мегардад  ва бо истифода аз қувваю воситаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳилҳои дарёву сойҳо гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, соли ҷорӣ тибқи Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода корҳои пешгирикунандаю соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз 147 ҳазору  500 литр сӯзишворӣ, 1 ҳазору 92 тонна семент, 30 ҳазору 500 метри квадратӣ симтӯр, 44,6 тонна арамтура ва 5 ҳазору 600 метр симтаноб дар соҳилҳои дарёву сойҳо амалӣ гардидаанд.

Дар баробари ин, бо мақсади андешидани тадбирҳои пешгирикунанда, рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ дар асоси Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти иловагии сохтмонӣ барои ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 20 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 2 ҳазор тонна семент, 21 тонна арматура, 5 ҳазор метр симтаноб, барои ноҳияи Фархор 5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ,  3 ҳазор метр симтаноб ҷудо гардидааст, ки айни замон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Канали Чубек» дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 653 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва дар ноҳияи Фархор 180 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ рехта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки тахтасангҳои оҳану бетонӣ барои мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Панҷ дар вақти баландшавии сатҳи оби дарё истифода мешаванд.

Ҳамасола аз ҷонибии Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти сарпарастии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Саридораи геология мавзеъҳои хавфноки табиӣ аз назар гузаронида шуда, рӯйхати аниқи хоҷагиҳои зери таъсири равандҳои экзогенӣ қарордошта тартиб дода мешаванд ва бо фармоиши дахлдори  Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба онҳо қарзҳои имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ҷудо гардида, аҳолӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида мешаванд.

Масалан, соли 2019 – 1 ҳазору 471 мавзеи хавфноки табиӣ муайян гардид, ки аз ин 639 мавзеъ хавфноки аввалиндараҷа мебошанд.

Дар робита ба ин, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, «Дар бораи кӯчонидани муҳоҷирони  экологӣ  барои солҳои 2017-2020» соли равон кӯчонидани 351 хоҷагӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 173 хоҷагӣ кӯчонида шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла дар мамлакати мо низ офатҳои табиӣ зиёд ба амал меоянд. Мегуфтед, ки соли равон ин офатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ қадар хисорот расониданд? Инчунин дар натиҷаи офатҳои табиӣ чанд нафар ба ҳалокат расиданд?

Ҷамшед Камолов:  Дар ҳақиқат тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурии мо низ ба рух  додани офатҳои гуногуни  табиӣ сабаб мегардад. Солҳои охир бақайдгирии равандҳо ва зуҳуроти хатарноки табиӣ дар мамлакати мо зиёд гардидааст. Барои мисол, танҳо соли 2017 зиёда аз 700 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ  43 офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, онҳо дар ҳаҷми 30 млн. 84 ҳазору 200 сомонӣ ба иқтисодиёти мамлакат зарари молӣ расониданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 24 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи фармоишҳои  Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фақулода, 20-уми феврал, 30-юми май ва 19-уми сентябри соли 2019 ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида ва ба оилаҳои дар офатҳои табиӣ ҳалокшуда, кумакҳои яквақтаинаи моддӣ ҷудо карда шуд.

Зимнан, бояд гуфт, ки 27-уми сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода аз минбари Маҷмаи умумии СММ суханронӣ намуда, оид ба ин масъала низ маълумот дод.

«Танҳо бар асари офатҳои табиии марбут ба об ба иқтисодиёти давлати мо ҳамасола садҳо миллион доллар зиён мерасад. Офатҳои табиӣ аксар вақт сабаби талафоти одамон мегарданд. Таъсири манфии тағирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза дар ҷаҳон торафт равшантар мегардад», -гуфт Қоҳир Расулзода.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки дар шароити Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳӣ аст, бештар кадом намуди офатҳои табиӣ рух медиҳанд?

Ҷамшед Камолов:  Дар шароити Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳӣ аст, бештар  офатҳои табиӣ дар намуди фаромадани тарма, ярч ва сангреза, боришоти барф ва боронҳои зиёд, хунукии сахт, вазидани шамоли сахт, омадани сел ва раъду барқ зиёдтар ба қайд гирифта мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки намуди офати табиии нисбатан паҳншуда ва ҳалокатбор дар Тоҷикистон — ин омадани сел мебошад.

Дар ҷойи дуюм аз рӯи нишондодҳои мазкур тарма меистад. Дар бештари мавридҳо сел ва тармафароӣ дорои минтақаи бисёр маҳдуди таъсир мебошанд, аммо онҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани шароити муайяни обу ҳаво зуд-зуд рух медиҳанд ва ҳамзамон чанд қитъаро хароб мекунанд.

Ба ҳиссаи селҳо зарари аз ҳама калони молиявӣ рост меояд, дуввумин нишондиҳандаи нисбатан назарраси талафоти молиявӣ – хушксолӣ аст, аз ҷумла, хушксолиҳои солҳои 2000-2001. Дар ҷойи севум аз рӯи ҳаҷми зарари молиявӣ, заминҷунбӣ қарор дорад.

АМИТ «Ховар»: Барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар ин масъалаҳо баргузории ягон чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст?

Ҷамшед Камолов:   Бояд гуфт, ки ҳар сол Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ба яке аз мавзӯъҳои баланд бардоштани иттилоотонкии аҳолӣ бахшида мешавад. Имсол он ба вазифаи мақсадноки Барномаи қолабии Сендай (вазифаи ҷаҳонии d) бахшида шудааст, ки ба кам кардани ҳаҷми зарар  аз офатҳои табиӣ ба инфрасохтори муҳим ва қатъ гардидани хизматрасониҳои заминавӣ равона гардидааст.

Вобаста ба ин рӯз аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд баргузории як қатор чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ, доир намудани мизи мудаввар, викторинаҳо, машқу тамринот ва рӯзҳои дарҳои кушод бо намоиши техникаи махсуси садамавию наҷотдиҳӣ ва амалиёти корҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардидааст.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд