«Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 – 2025» тасдиқ гардид

Октябрь 10, 2019 09:18

ДУШАНБЕ, 10.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 – 2025» тасдиқ гардид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, амалисозии Барномаи мазкур  дар доираи маблағгузории буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус, инчунин аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд амалӣ карда мешавад.

Дар қарори мазкур Раиси шаҳр  ҳамоҳангсози татбиқи барномаи зикршуда — Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки ҳар шаш моҳ оид ба ҷараёни амалисозии он  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

Ҳамчунин тибқи ин қарор муовинони Раис, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хотиррасон менамоем, ки  то моҳи июни соли равон  дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта,  аз ин теъдод 91 муассисаи таҳсилоти томактабӣ буҷетӣ, 31 муассисаи томактабӣ хусусӣ ва 13 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд.

Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 27 ҳазору 885 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 22 ҳазору 734 нафар дар муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1762 нафар дар муассисаи томактабии хусусӣ ва 3389 нафар дар муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо  1524 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.

Октябрь 10, 2019 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад