«Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2021» тасдиқ гардид

Октябрь 11, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 11.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз 9 октябри соли 2019  «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2021» тасдиқ гардид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  Барномаи мазкур  бо  мақсади иҷрои банди 3-и  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021»   амалӣ гардида,  ҳадаф  аз роҳандозии он  татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон,  беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, фаъолнокии сиёсии  ҷавонони пойтахт ва  пурзӯр намудани нақши ҷомеа дар таълиму тарбияи онҳо мебошад.

«Раиси шаҳр ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур — Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки  ҳамасола то 10 декабр оид ба натиҷаи амалишавии  он ба мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд», — илова кард манбаъ.

Ҳамчунин тибқи ин қарор  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои татбиқи барномаи зикршуда  дар соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  180 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

Раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  супориш додааст, ки дар доираи барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019–2021-ро таҳияву қабул ва маблағгузории онро таъмин намоянд.

Октябрь 11, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд