«Бародарии халалнопазир-2019». Дар Тоҷикистон машқҳои муштараки давлатҳои узви СААД оғоз гардиданд

Октябрь 21, 2019 17:05

ДУШАНБЕ, 21.10.2019 /АМИТ «ХОВАР»/. Имрӯз, 21 октябр, дар машқгоҳи ҳарбии «Ҳарб-Майдон»-и вилояти Хатлон машқҳои васеи низомӣ таҳти унвони «Бародарии халалнопазир-2019» оғоз гардиданд.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуд, ки  машқҳо то 29 октябр идома меёбанд.

Гуфта мешавад, ки машқҳои мазкур дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дар асоси қарори қабулнамудаи сарони давлатҳои узви ин Созмон доир  гардида истодаанд.

«Тибқи нақша, дар доираи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ гурӯҳҳои амалиётии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД ва интиқоли теъдоди неруҳои муайяншудаи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Россия муҷаҳҳаз бо силоҳ, техникаҳои зиреҳпӯш, захираҳои лавозимоти ҷангӣ  ва дигар дастгоҳу маводи зарурӣ тавассути ҳавопаймоҳо, авиатсияи ҳарбию нақлиётӣ ва роҳпаймоии маршӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд», — афзуд Ориф Нозимиён.

Бояд зикр намуд, ки шоми ҳар рӯз баъди баргузор намудани машқҳо таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир мегарданд.

Октябрь 21, 2019 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд