Чемпионати ҷаҳон-2022: дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо тими миллии Япония се имтиёзро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозии даври 4-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе.
Дар ҳайати дастаи Япония ду голро ҳамлагар Такуми Минамино (53,56) ба нишон расонид. Як голи дигарро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума зад.
Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мо бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Қаблан, дастаи мо дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистонро бо ҳисоби якхелаи 1 : 0 мағлуб намуда буд. Дар даври навбатӣ, ки 14 ноябр баргузор мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Мянма бозӣ хоҳад кард.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






