Чемпионати ҷаҳон-2022: дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо тими миллии Япония се имтиёзро аз даст дод

Октябрь 15, 2019 19:10

ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бозии даври 4-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе.

Дар ҳайати дастаи Япония ду голро ҳамлагар Такуми Минамино (53,56) ба нишон расонид. Як голи дигарро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума зад.

Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мо бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Қаблан, дастаи мо дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистонро бо ҳисоби якхелаи 1 : 0 мағлуб намуда буд. Дар даври навбатӣ, ки 14 ноябр  баргузор мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Мянма бозӣ хоҳад кард.

Октябрь 15, 2019 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард