Чемпионати ҷаҳон-2022: санаи бозиҳои Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Мянма ва Қирғизистон маълум гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 нақша дорад, ки бо дастаи миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор намояд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур 9 ноябр, соати 20:45 бо вақти Малайзия ва соати 17:45 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад. Баъди анҷом додани дидори рафиқона дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Янгони Мянма сафар мекунад. 14 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Мянма қувва месанҷад. Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ 19 ноябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 4-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Япония бо ҳузури 19100 сад нафар мухлисон ва дӯстдорони футболи тоҷик дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардида, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид.
Дар ин дидори ҷолиб дар ҳайати дастаи мунтахаби Япония ду голро ҳамлагар Такуми Минамино дар дақиқаҳои (53,56) ва як голи дигарро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума дар дақиқаи 82 вохӯрӣ ворид намуданд. Дар бозии дигари даври мазкур дастаи мунтахаби Қирғизистон дастаи мунтахаби футболи Муғулистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистонро бо ҳисоби якхелаи 1:0 мағлуб намуда буд. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 ноябр дар даври навбатӣ бо дастаи мунтахаби Мянма рақобат мекунад.
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 3-юм
10 октябр (панҷшанбе)
Япония 6:0 Муғулистон
Қирғизистон 7:0 Мянмар
Даври 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон 0:3 Япония
Муғулистон 1:2 Қирғизистон
Даври 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)
Мянмар – Тоҷикистон
Қирғизистон – Япония
Даври 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Мянмар – Муғулистон
Даври 7-ум
26 марти соли 2020 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Муғулистон
Япония – Мянмар
Даври 8-ум
31 марти соли 2020 (сешанбе)
Муғулистон – Япония
Мянмар – Қирғизистон
Даври 9-ум
4 июни соли 2020 (панҷшанбе)
Япония – Тоҷикистон
Қирғизистон – Муғулистон
Даври 10-ум
9 июни соли 2020 (сешанбе)
Тоҷикистон – Мянмар
Япония – Қирғизистон
Марҳилаи интихобӣ, ки 5 сентябри имсол шурӯъ шуд, 9 июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






