Чемпионати ҷаҳон-2022: санаи бозиҳои Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Мянма ва Қирғизистон маълум гардид

Октябрь 31, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 нақша дорад, ки бо дастаи миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор намояд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур 9  ноябр, соати 20:45 бо вақти Малайзия ва соати 17:45 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад. Баъди анҷом додани дидори рафиқона дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Янгони Мянма сафар мекунад. 14 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби  Мянма қувва месанҷад.   Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ 19  ноябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки 15 октябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 4-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Япония бо ҳузури 19100 сад нафар мухлисон ва дӯстдорони футболи тоҷик дар сатҳи баланду хотирмон  баргузор гардида, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид.

Дар ин дидори ҷолиб дар ҳайати дастаи мунтахаби  Япония ду голро ҳамлагар Такуми Минамино дар дақиқаҳои  (53,56) ва як голи дигарро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума дар дақиқаи 82 вохӯрӣ ворид намуданд. Дар бозии дигари даври мазкур дастаи мунтахаби  Қирғизистон  дастаи мунтахаби футболи   Муғулистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби  Қирғизистон ва Муғулистонро бо ҳисоби якхелаи 1:0 мағлуб намуда буд. Дастаи мунтахаби футболи  Тоҷикистон 14 ноябр дар даври навбатӣ бо дастаи  мунтахаби Мянма рақобат мекунад.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Япония 6:0 Муғулистон

Қирғизистон 7:0  Мянмар

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон 0:3 Япония

Муғулистон 1:2 Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Япония – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Япония – Қирғизистон

Марҳилаи интихобӣ, ки 5 сентябри имсол шурӯъ шуд, 9  июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати  ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Октябрь 31, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад