Чемпионати Осиё-2020: имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Малдив байни ҳам рақобат мекунанд

Октябрь 2, 2019 09:02

ДУШАНБЕ,02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи «С» баргузор шуда, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо  Малдив байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи хабари манбаъ, дар мусобиқаи мазкур  дастаи    мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ширкат менамояд. Ҳайати асосии  дастаи  мунтахаби ҷавонони моро бозингароне ташкил медиҳанд, ки охири ин моҳ дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон то 17-сола  дар Бразилия ширкат менамоянд. Барои ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифтан, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малдив (2 октябр), Лубнон (4 октябр) ва Сурия (6 октябр) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе, соати 19:00, оғоз мегарданд. Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Гурӯҳи «С»

Бозиҳои даври 1-ум
2 октябр (чоршанбе)

16:00. Сурия – Лубнон
19:00. Тоҷикистон – Малдив

Бозиҳои даври  2-юм
4 октябр (ҷумъа)

16:00. Малдив – Сурия
19:00. Лубнон – Тоҷикистон

Бозиҳои  даври  3-ум
6 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Малдив
19:00. Тоҷикистон – Сурия

Ёдовар  мешавем, ки макони баргузории марҳилаи ниҳоии Чемпионати  Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, он гоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.

Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то  19-сола:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фаластин, Кувайт, Покистон.

Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.

Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.

Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.

Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.

Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.

Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Октябрь 2, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд