Дар Берлин машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Германия баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар шаҳри Берлин машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Германия оид ба Аврупои Шарқӣ, Осиёи Миёна ва Қафқоз Михаил Зиберт баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни машваратҳо маҷмуи васеи масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Германия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф, муҳоҷират ва амният баррасӣ гардида, ҷонибҳо рағбати худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона баён карданд.
Ҳамзамон масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ низ бозтоб гардиданд.








Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд






