Дар Душанбе хатсайри нави автобусии №37 «А» ба фаъолият шурӯъ кард

Октябрь 3, 2019 13:06

ДУШАНБЕ, 03.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 7 октябр дар шаҳри Душанбе  хатсайри нави автобусии №37 «А»   (маҳаллаҳои Қаротегин-Бунёдкорон) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорони пойтахт  ҳаракат мекунанд.  Дар ин хатсайр   автобусҳои муосири тамғаи «АКИА»  ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд. Ҳамчунин   шурӯъ аз  ин рӯз (7 октябр)   дар хатсайри автобусии №4  (Терминали «Шарқ-Транс»-ҶДММ «Маром») пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин  бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо  мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бакияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ мегардад.

Дар ин робита,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт  мерасонад, ки ҳангоми  пардохти ҳаққи  хизматрасонии ин  автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.

 

Октябрь 3, 2019 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид