Дар Душанбе хатсайри нави автобусии №37 «А» ба фаъолият шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 03.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 7 октябр дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №37 «А» (маҳаллаҳои Қаротегин-Бунёдкорон) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорони пойтахт ҳаракат мекунанд. Дар ин хатсайр автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд. Ҳамчунин шурӯъ аз ин рӯз (7 октябр) дар хатсайри автобусии №4 (Терминали «Шарқ-Транс»-ҶДММ «Маром») пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бакияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ мегардад.
Дар ин робита, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳангоми пардохти ҳаққи хизматрасонии ин автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.








ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд






