Дар Душанбе ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт амалиёт идома дорад

Октябрь 8, 2019 08:37

ДУШАНБЕ, 08.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт   гузаронидани амалиёт  идома дорад. Дар натиҷаи ин амалиёт нисбат ба  як зумра ронандагон,   ки талаботи ҳатмии «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»- ро  вайрон карда,  мошинҳои  худро  дар дохил ва наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ, дар қатори дуюму сеюм ва дигар ҷойҳои манъшуда  гузошта, танбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд овардаанд, тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин вайронкунандагони  қоидаҳои ҳаракати роҳ — ронандаҳои мошини тамғаи «Лексус-470»  ( қайди давлатияш 0020 СУ 01) Муҳаммадҷони Шодӣ,  мошини тамғаи «БМВ-Х6» (қайди давлатияш 4775 ВМ 01) Абдухалил Ёрзода,  мошини  тамғаи «Тайота-Кемри» (қайди давлатияш 0555 GG 01) Карим Салимов, ронандаи  мошини  тамғаи «БМВ» (рақами қайди давлатияш 0098 DD 01) Абдуҷаббор Ҷалолов  ва дигарон мебошанд, ки акси онҳо бо мошинҳояшон дар сомонаи вазорати мазкур гузошта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам дар пойтахт ташвишовар боқӣ мондааст, ин танбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт мебошад.

«Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, маҳз дар қатори  дуюму сеюм нодуруст таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо гардидааст.

Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои дар ҷойҳои номуқарраргардида таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби нозирони бозрасии милитсияи пойтахт амалиёти мақсаднок гузаронида мешавад», — афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои масъулин, бенизомиву бетартибиҳое, ки дар вақти гузаронидани санҷишу амалиёти профилактикӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти ба истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюм дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ халал мерасонанд, ба амал омадааст.

Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт  ин амалиёт идома дошта, аз натиҷаи он маълумот пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Октябрь 8, 2019 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»