Дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад

Октябрь 9, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 09.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад,  дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории намоишҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ таҷлил намудани Иди Меҳргон мебошад.

Иди Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё гардид. Меҳргон аз соли 2009 инҷониб дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ ва дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил мегардад.

Тавре Пешвои миллат  гуфтаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Рустами Эмомалӣ  масъулинро вазифадор намудааст, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Иди Меҳргонро таъмин намоянд.

Октябрь 9, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид