Дар Душанбе таҳти шиори «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» ҳамоиш гузаронида шуд

Октябрь 25, 2019 16:46

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» ҳамоиш доир гардид. Дар он доираи васеи аҳолӣ, донишҷӯёну устодон ва мутахассисон иштирок намуданд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  директори Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриаллоҳ Сарабеков  иброз намуд, мақсад аз баргузории  ҳамоиш-ин ба аҳолӣ расонидани пайомадҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва аз ин сабаб  босуръат обшавии пиряхҳои Ҷумурии Тоҷикистон мебошад. Масъалаи мазкур яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҷиҳати пешгирӣ намудани ин зуҳурот моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, корҳои таблиғотиро ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоем.

Бино ба зикри номбурда, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист доир ба ҳифзи пиряхҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст. Ҳоло аз  ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.

«Тибқи маълумоте, ки солҳои охир аз натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии  Маркази захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии обуҳавошиносии Кумита ба даст меояд, имрӯз ҳолати обшавии пиряхҳо дар  қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон бештар ба  мушоҳида мерасад, ки сабаби асосии он воридшавии бодҳои гарм мебошад. Агар имрӯз  мо ба раванди  обшавии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон назар афканем, дар тӯли 60-70 соли охир аз 3 то 5 километр обшавии босуръати он ба  мушоҳида мерасад»,- гуфт  директори Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои об.

Коршинос доир ба омӯзиши тағйирёбии иқлим Анвар Ҳомидов ҳамоиши «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем»-ро муҳиму саривақтӣ дониста, баён намуд, ки  имрӯз  вақти он расидааст, ки савияи дониши аҳолиро доир ба ҳифз ва захираҳои пиряхҳое, ки дар Тоҷикистон  ҳастанд, баланд бардорем. Тавре маълум аст, Тоҷикистон сарчашмаи захираҳои обии  Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин омӯзиш ва ҳифзи  пиряхҳо яке аз  манбаъҳои асосии  таъмини об  дар минтақа   мебошад.

«Метавон гуфт, ки ҳамоиши имрӯза на танҳо моҳияти ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дорад.  Чун мо ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти омӯзиши  тағйирёбии иқлим мебошем, ки  раванди таъсири тағйирёбии иқлим хусусан  ба пиряхҳои Тоҷикистон бисёр  назаррас мебошад. Инҷо метавон гуфт, ки  дар тӯли  50- 60 соли охир тақрибан  30 фоизи пиряхҳои Тоҷикистон рӯ ба нестшавӣ ниҳодааст.  Ин  раванд имрӯз  низ идома дорад. Аз ин рӯ пешгирӣ ва  омодашавӣ ҷиҳати паст намудани  таъсири ин омилҳо  хеле муҳим мебошад»,- гуфт Анвар Ҳомидов.

Бино ба зикри номбурда, имрӯз вақти он расидааст, ки  ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  бояд эҳсос кунад, ки мо дар  як сарчашмаи бузурги  захираҳои обӣ зиндагӣ дорем,  бунёди ҷангалзор ва  роҳҳои паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошад.

Мавриди зикр аст, ки беш аз 6 фоизи  масоҳати умумии Ҷумҳурии Точикистонро  пиряхҳо ташкил медиҳанд.   Маҷмўи захираи ях дар пиряхҳо ба 845 км³ баробар мебошад. Пиряхҳои Тоҷикистон зери таъсири сахти тағйироти иқлим қарор дошта, шумораи пиряхҳои хурд сол то сол кам гашта истодааст.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2019 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд