Дар Душанбе вохӯрии кории қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои ИДМ гузаронида шуд

Октябрь 30, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории сардорони сарситодҳо, шахсони мансабдори мақомоти сарҳадии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки масъули ҳифзи сарҳад мебошанд, баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ сардорони ситодҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Федератсияи Россия,  ва роҳбари Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиён масъалаҳои мустаҳкам намудани сарҳади берунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, истифодаи  воситаҳои муосири техникӣ дар муҳофизати сарҳади давлатиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон роҳбарони ҳайатҳо оид  ба  мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи сарҳад ва пешгирӣ аз қочоқ сухан гуфтанд.

Октябрь 30, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд