Дар Душанбе якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани оинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт амалиёт идома дорад. Дар натиҷаи амалиёти навбатӣ якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани оинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуда, нисбат ба соҳибони чунин мошинҳо бо моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷумла ин вайрокунандагони ҳаракат дар роҳ – ронандаҳо Дилшод Раҷабов (мошини тамғаи «Лексус», қайди давлатияш 1100 АМ 01), Худойдод Ҷалолов (мошини тамғаи «Лексус-460», қайди давлатияш 1361 НА 01), Шарофуддин Ташрифов (мошини тамғаи «Тайота Ленд Курузер», қайди давлатиаш 2323 ЕЕ 01, Муҳиддин Зайниддинов ( мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», қайди давлатияш 100 СС 01), Шаҳбоз Турдиалиев (мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», қайди давлатияш 1998 SS 01) ва дигарон мебошанд, ки акси онҳо бо воситаҳои нақлиёташон дар сомонаи Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ гузошта шудааст.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари ронандагоне, ки ба вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даст задаанд, соҳибони мошинҳои қиматбаҳои хориҷӣ ҳастанд.
Бояд хотирнишон намуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо оинаи сиёҳкардашуда иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист. Вале мутаассифона, баъзе аз ронандагону соҳибмулкони воситаҳои нақлиёте ҳастанд, ки талаботи ҳатмии муқаррароти қонунҳои амалкунандаро риоя накарда, ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.
Ҳамчунин дар натиҷаи баргузории ин амалиёт якчанд ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ошкор гардида, нисбат ба ронандагони мазкур тибқи талаботи моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.












Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд






